Форма входа

Друзья сайта


SpoWaxon

Поиск

Календарь

«  Май 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Архив записей

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 28

Статистика


Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0




Пятница, 17.05.2024, 09:06
Приветствую Вас Гость | RSS
"Дыши биография" - проект для сохранение биографии
Главная | Регистрация | Вход
Маълумот дар бораи лоҳия бо забони тоҷикӣ


Лоҳияи хайрии «ВахонИнфо» барои чамъ кардани маълумот дар бораи мо, дар бораи ҳар як мардуми Вахон ва расонидани ин маълумотҳо ба наслҳои оянда сохта шудааст.


 

Аз Шумо чи хоҳиш карда мешавад?  - Ин хеле осон аст. Биография гузаштагони худро, биография худро, мумкин аст биографияи хешовандони худро навишта дар сомона нашр кунед. Фақат худро бетараф нагиред, чунки ин шавқ ва вазифаи ҳар яки мо аст. Масалан: кадоми аз Шумо таърихи гузаштагонашро медонад? Онҳо ки ва ба чи машғул буданд? Ман фикр мекунам ин хел одамҳо бисёр каманд. Фақат фикр кунед, ки агар гузаштагони мо саргузашти зиндагиашонро навишта барои мо мерос мемонданд. Мо ба таърихи дигарон кордор намешудему на тахминан балки таърихи ҳақиқии онҳоро мехондем.

    Фикр мекунам бисёри аз мо мехоҳанд гарчанде миқдори аз онҳоро дастрас кунанд. Баъзеҳо ҳатто  мошинаи вақтро (машина времени) орзу мекунанд, то ки ба гузашта сафар кунанд ;). Лекин, афсӯс, ки ин фақат дар филмҳои фантастики мумкин аст....

     Калонсолҳое ҳастанд, ки дар бораи гузаштагонамон  нақл мекунанд. Боварӣ дорам Шумо медонед, ки ин чи гуна эҳсосоти ачоиб ва форам аст. Дар деҳаи Намадгут бобое бо номи  Бунёдбек зиндагӣ мекунад. Тамоми зиндагиаш ӯ чӯпонӣ мекунад. Он кас 80 сола ҳастанд ва ин ягон мамнӯъият ба ӯ нест. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда хотираи хело хуб ҳам доранд. Вақте ки дар онҷо будам қариб ҳар рӯз он касро хабар мегирифтам. Соли гузашта рӯзи зодрӯзро ҷашн гирифтанӣ шудему бобои Бунёдбекро даъват кардем. Ҳама рақсу бозӣ мекарданд. Баъди чанд вақт аз он кас хостем, ки дар бораи: “Дар давраи онҳо чи тавр рӯзи зодрӯзро ҷашн мегирифтанд” – нақл кунанд. Он кас розӣ шуда, ба нақл кардан сар карданд (ва на фақат дар бораи рӯзи зодрузҳоJ). То дараҷае аҷоиб буд, ки ҳама аз рақсу бозӣ фаромӯш карда ҳама ба гурӯҳи мо ҳамроҳ шуданд. Эҳсосоти такрор нашаванда буд, барои он ки кӯдакони хурдсол ҳам гирди мо чамъ шуда гӯш мекарданд.

     Лекин, афсӯс рӯз аз рӯз ин ин хел одамон кам шуда истодаанд. Ҳамрои онҳо хотира дар бораи гузаштагонамон ҳам L. Мо бояд коре кунем, ки наслҳои худамон моро аз хотирҳояшон набароранд. Биёед хатогиеро ки гузаштагонамон карданд мо такрор накунем. Вале, онҳоро фаҳмидан мумкин аст, чунки дар вақти онҳо монеаҳои зиёде буданд. Лекин, ҳозир ба мо чи монеъа ё душворӣ мекунад. Фикр мекунам он қадар душвор нест, ки ручкаю варақ ё редактори матниро кушода, дар вақтҳои холӣ кам – кам  навиштан гирем.

     Дар Юнони қадим фаҳмише буд: Одамони он давр кӯшиш мекарданд коре кунанд, ки номашон дар саҳифаи таърих сабт шаваду дар хотраи наслҳои ояндаашон абадӣ зинда монанд. Гуфтанӣ мехоҳам, ки ин фикру корашон бобарор буд.

     Лоҳияи ман якрӯза нест ва нағз фикр карда шудааст. Фикр мекунам он сазовори эҳтироми шумо хоҳад шуд.

 


Воситаҳои алоқа бо ман:

Телефон:                                 (992) 93 837 8211

Саҳифа дар одноклассники:    ok.ru/xosse

Саҳифа дар фейсбуке:            fb.com/amin.mulloev

Саҳифа дар ВКонтакте:           http://vk.com/nmdgt

Skype:                                    nmdgt04


 

Тарзи ворид кардани маълумот ба сайт ва низомномаи (регламент) кутоҳро аз саҳифаи русии сайт дастрас карда, шинос шудан метавонед: "Русская версия"

 

Агар ба шумо маъқул шуд. Аз шумо хоҳиш мекунам, тугмаи даркории дар поён овардаро пахш намуда ба дигарон расонед. Ин беҳтарин тӯҳфа ва изҳори ташаккур барои ман аст:

 

Copyright SpoWaxon © 2014-2024
Яндекс.Метрика

Реклама СпоВахон
Для добавления необходима авторизация