Форма входа

Друзья сайта


SpoWaxon

Поиск

Наш опрос

Какая названия лучше?
Всего ответов: 5

Статистика


Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0




Пятница, 22.08.2025, 16:09
Приветствую Вас Гость | RSS
"Дыши биография" - проект для сохранение биографии
Главная | Регистрация | Вход
Мир информации


Главная » Статьи » Ямг [ Добавить статью ]

Мубораки Вахонӣ

Мубораки Вахонӣ

(1839 - 1903)

Ном ва мероси илмиву адабии Мубораки Вахонӣ барои қисми зиёди хонадагон ва ҳатто бархе аз олимони соҳаи адабиёт ва фалсафаи исломӣ он қадар рушан нест. Ў ҳамчун шоир, мусиқашинос, ситорашинос ва орифи заковатманди даврони хеш буд. Бояд тазаккур дод, ки пайдо намудани ягон ишороти амиқи хаттиро Ном ва мероси илмиву адабии Мубораки Вахонӣ барои қисми зиёди хонадагон ва ҳатто бархе аз олимони соҳаи адабиёт ва фалсафаи исломӣ он қадар рушан нест. Ў ҳамчун шоир, мусиқашинос, ситорашинос ва орифи заковатманди даврони хеш буд. Бояд тазаккур дод, ки пайдо намудани ягон ишороти амиқи хаттиро дар тазкираҳо ва таърихномаҳои асри XIX ва аввали асри XX роҷеъ ба Муборак ва асарҳои ў қариб имконнопазир аст, ба истиснои як порча тақриз, ки онро Фазлалибек Сурхафсар, муаллифи дуюми «Таърихи Бадахшон», дар «Тарҷимат ул-Баён»-и Муборак ба шакли назм дуруст кардааст: Ай Муборак ба ту офарин, Насибат кунад ҳуру хулду барин. Ту ай покдоман гирифти сабақ, Ҳар он чӣ гирифтӣ, навишти варақ. Ки ҳар сафҳаат нури Яздон бувад, Або аҳли ихлосу имон бувад. Ховаршиноси шуравӣ А. Бертелс яке аз аввалинҳо шуда номи Мубораки Вахониро ба олами адаб муаррифӣ намуд. Дар солҳои 1959-1963 ў бо як гурўҳ ҳамкорон дар Помир тадқиқоти илмӣ гузаронида, дастхатҳои қадимаи маҳалро рўйхат ва сипас дар шакли феҳристи мароҷеъ (библиогрфия) ба чоп расонид, ки дар он якчанд дастхатҳои Муборак низ зикр гардиданд. Гарчанде, ки дар асари мазкур маълумоти на чандон зиёд нисбат ба Муборак оварда шудааст, он аввалин ишораи илмӣ ба ном ва осори адабии шоири ориф ба шумор меравад. Дар соли 1984 Бертелс дар Институти Мутолиоти Исмоилии Лондон силсила лексияҳоро дар мавзўи таърих, фарҳанг ва анъанаҳои мардумии Бадахшон барои олимон ва донишҷўёни Британия хонда, зимнан аз ҳаёт ва фаъолияти Муборак низ ёдовар шуд. Саҳми арзандаи ўро дар ҳаёти илмӣ ва адабии Бадахшон таъкид карда, Бертелс Муборакро Сино ё «Ависенаи Бадахшон» номидааст. Дар асарҳои М. Бақоев, А. Розенфелд ва А. Колесников низ ишораҳои мухтасарро доир ба Муборак пайдо намудан мумкин аст. Диққати махсусро ба ҳаёт ва мероси адабии Муборак олими тоҷик Амирбек Абибов дар китобҳои «Ганҷи Бадахшон», «Аз таърихи адабиёти тоҷик дар Бадахшон» ва бархе аз мақолаҳояш равона намудааст. Хизмати академик Абибов дар ба қалам овардани номи Муборак бениҳоят бузург аст, аммо вазъи сиёсии замона барояш иҷозат надод то сангарҳои идеологиро шикаста, амиқтар аз асрори фалсафӣ-диннии ў сўҳбат намояд. Дар даҳсолаи охири қарни XX мақолаҳои мухтасари илмӣ-оммавӣ доир ба зиндагӣ ва фаъолияти Муборак дар рўзномаҳои вилоятӣ (ВМКБ) ва ноҳиявӣ (Ишкошим) ба табъ расидаанд. Дар солҳои наздик бошад бархе аз олимони тоҷик, аз ҷумла Саодатшоҳ Матробов ба омўзиши ашъор ва афкори Муборак пардохта, хизмати арзандаеро дар ин ҷода анҷом додаанд. Банда (Илолиев) рисолаи докторимаро доир ба ҳаёт ва афкори ирфонии Муборак дифо намуда, китоберо дар ин мавзуъ ба нашр расондам ва ният дорам онро ба тоҷики тарҷума кунам. Боби аввали ин китоб маълумоти мухтасари таърихиро дар бораи паҳншавии мазҳаби исмоилия дар Помир аз замони Носири Хусрав то даврони Мубораки Вахонӣ пешкаш менамояд. Китоби ман ба таҳлили афкори фалсафӣ ва ирфонии Муборак, ки аз ақоиди исмоилӣ ва тасаввуф иборатанд, бахшида шудааст. Дар он назари Муборак ба ҷанбаҳои мухталифи эпистемология (марбут ба дониш), онтология (марбут ба фитрати ҳастӣ), психология (марбут ба рўҳ) ва тасаввуф аз қабили донишу маърифат, ягонагиву тавҳид, ҳаққу ҳақиқат, ваҳму гумон ва ишқу муҳаббат мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Бояд зикр намуд, ки афкори ирфонии Муборак аз фалсафаи ишқи Румӣ, шатҳиёти Ҳаллоҷ, рамзиёти Аттор, Ҳофиз ва Бедил сарчшама мегиранд. Ў тавонистаст, ки бо як маҳорат ва услуби хос аз ақоид, усул, рамзиёт ва забони ирфон истифода барад ва афкори худро дар тафоҳум ҳамчун синтези исмоилия ва тасаввуф инкишоф диҳад. Ишқ яке аз мавзўъҳои асоси асарҳои Муборак буда, ҳадафи ниҳоии сайри рўҳонии ў ба ҳисоб меравад. Ишқ барои Муборак як нерўи иллоҳист, ки ҳастии олам ва шукуфоии махлуқоти рўи замин аз он вобастагӣ дорад. Он бо хости Худо дар қалби инсон ҷой гирифта, касратро аз байн мебарад ва ваҳдатро пойдор мегардонад. Мавзўъи мазкур аз рўҳи таҳлили «Девони куллиёт», «Толиб ул-матлуб» ва «Ҳоҷот ва муноҷот» баррасӣ шундааст. Мероси адабии Мубораки Вахонӣ аз шонздаҳ китоб иборат буда, дар маҷмўъ бештар аз шаст ҳазор байтро ташкил медиҳанд, ки ҳар яки онҳо дар мавзўъҳои мухталиф иншо шудаанд. Муборак бо нозукиҳои забони форсӣ-тоҷикӣ ошно буда, забони арабиро низ хуб медонистааст.

P.S Не забудьте поделиться с друзьями нажимая на соответствующий кнопке:
Категория: Ямг | Добавил: amin (26.07.2014)
Просмотров: 1693 | Теги: Мубораки Вахонӣ, Ямг | Рейтинг: 4.0/1
Всего комментариев: 0
avatar

Copyright MyCorp © 2025